«Ҷавонон бар зидди терроризм ва ифротгароӣ» — бардошт аз мулоқот бо ҷавонони пойтахт
ДУШАНБЕ, 02.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии мамлакат баён доштанд, дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода, роҳбарону намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, сайёҳӣ, роҳбарони ҷавони муассисаҳои фарҳангию маишӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъоли пойтахт иштирок намуданд.
Зимни мулоқот бо ҷавонон муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат торафт зебову шукуфон гашта, ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагонии осоишта фароҳам оварда шуд.
Зикр шуд, ки ҷавононро месазад дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеша намуда, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ рӯй наоваранд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои Ватану сарзаминамон хизмат намоянд.
Шариф Назарзода оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат сухан карда, гуфт: «Дар 27 соли охир ҷиҳати таъмини зиндагии арзандаи сокинон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба мақсадҳо қарорҳои дахлдор қабул намуда, дар ин самт қадамҳои устувор гузошт. Аз ҷумла бо ин мақсад Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ дар баробари расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд».
Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди стратегӣ, нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми деҳот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
«Амалишавӣ ва татбиқи босамари иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки сайёҳону меҳмонон ба кишвари мо бештар ҷалб гардида, аз таъриху фарҳанг ва маданияту маърифати халқи тоҷик бархурдор шаванд», — гуфт Шариф Назарзода.
Дар ҷамъомад, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳаргуна ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон дастурҳо дода шуданд.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид






