Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ДДҲБСТ шаш иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд

Февраль 13, 2019 12:00

ХУҶАНД, 13.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Ба истиқболи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд як зумра  иншооти муҳим, аз ҷумла, толори варзишӣ бо 500 ҷойи нишаст, нуқтаҳои тиббию санитарӣ, ошхона, маҷлисгоҳ бо 800 ҷойи нишаст, бинои истиқоматӣ барои устодону кормандон ва хобгоҳ барои донишҷўён мавриди истифода қарор дода мешаванд.  Дар ин бора ректори Донишгоҳи мазкур Муъмин Шарифзода  зимни нишасти матбуотии ин муассисаи таҳсилоти олӣ 12 феврал иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Дадабоев, зимни нишасти матбуотӣ аз фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2018 натиҷагирӣ карда шуд.

Муъмин Шарифзода баён дошт, ки навсозии даромадгоҳи бинои асосӣ, сафолакпўш гардидани роҳравҳо, сабзазор шудани атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ ва майдонҳо, шинонидани дарахтҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ аз зумраи корҳои  нақшавии ободкорианд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ бахшида ин санаи таърихӣ соли 2018 ба анҷом расонид.

Ҳамзамон вобаста ба таълиму тадриси донишҷӯён, иштироки онҳо дар барномаҳои фарҳангӣ, маърифативу варзишӣ ва олимпиадаҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ давоми соли 2018 гуфта шуд, ки  дар ин самт натиҷагириҳо хеле назаррасанд. Аз ҷумла, аз шумораи умумии 1509 нафар донишҷӯёне, ки соли таҳсили 2017-2018 донишгоҳро хатм намудаанд, 50 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд. 40%-и хатмкардагон (559 нафар) бо ҷои кор таъмин гашта, 9 нафар омӯзгорони ҷавон рисолаҳои илмӣ дифоъ карданд. Инчунин 13 нафар донишҷӯ ва 7 нафар аспирантону докторантон гирандагони Стипендияи раиси вилояти Суғд, 3 донишҷӯ гирандагони Стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд гардида, баҳри дастгирии донишҷӯёни фаъолу лаёқатманд бори нахуст Стипендияи раёсати донишгоҳ низ таъсис дода шуд.

Дар иншасти матбуотӣ вобаста ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии ватаниву хориҷӣ гуфта шуд, ки донишгоҳ бо 8 муассисаи олии  ватанӣ ва 57 муассисаи илмӣ-таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик, чун Россия, Беларус, Ӯзбекистон,  Қирғизистон,  Қазоқистон, Латвия,  Украина,    Япония, ИМА, Финляндия, Чин, Ҳиндустон,  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Февраль 13, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе