«БО МАҚСАДИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАНГУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ, ХУДШИНОСӢ, ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН…». Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар саҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар пойтахт қарор ба имзо расонид

Февраль 12, 2019 19:00

ДУШАНБЕ, 12.02.2019./АМИТ «Ховар»/.  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дирӯз дар бораи таҷлили 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор  ба имзо расонид.

Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  қарори раиси шаҳр таҳти рақами 75 рӯзи  12 феврал «бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 26 -солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани нангу номуси ватандорӣ, худшиносӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, инчунин иҷрои банди 73 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2019» ба тасвиб расидааст.

«Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замима тасдиқ карда шавад», — гуфта мешавад дар банди аввали қарор.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор шудаанд.

«Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ» ва бехатарии зиддисӯхтор чораҳои зарурӣ андешанд»,-омадааст дар банди севуми қарор.

Февраль 12, 2019 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид