БОЗ БОРОНУ БОЗ БОРОН: Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода…
ДУШАНБЕ, 12.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Агентии обу ҳавошиносии Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 14 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоиду ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бориши бошиддати борону барф дар назар аст.
13-уми феврал дар ноҳияҳои алоҳида шамол аз самти ғарб бо шиддати то 15-20м/с мевазад. Рӯзҳои 13-16 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма меафзояд.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷчуҳи аҳолӣ ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Ба сокинони доманакӯҳҳо ва рустоҳои наздикӯҳии кишвар тавсия медиҳем, ки дар ин гуна рӯзҳои пурбориш ва хатарзо рафтан ба чарогоҳҳо, шикоргоҳҳо, ғунучини ҳезум, молчаронӣ ва моҳидорӣ маслиҳат нест.
Ронандагон дар сафар бояд ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ин таъмини амнияти шумо ва ҳамсафарони шумост!








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






