Чаро ронандагони мошинҳои боркаш фоидаи худро аз манфиати давлату миллат боло мегузоранд?

Февраль 8, 2019 12:09

ҲИСОР, 08.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти  минтақаи Ҳисор  сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Давлат Рӯзиевро барои риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ дар шоҳроҳи Турсунзода -Душанбе ва Душанбе -Кӯлоб бо моддаи 311 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маблағи 2750 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима намуданд.

Номбурда қоидаҳои аз роҳҳои мошингард гузаштани воситаҳои нақлиётро бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда  зиёданд, риоя накарда, ба мошини боркашонии шахсияш аз кони намаки «Хоҷамуъмин» 53 тонна намак бор менамояд. Вазни намак  дар якҷоягӣ бо вазни мошини тамғаи  “Дулан”  70 тоннаро ташкил медиҳад. Давлат Рӯзиев зиёда аз 160 км роҳҳои ҷумҳуриявию байналмилалиро тай намуда, дар охир дар минтақаи Ҳисор дастгир мегардад.

Тибқи қонунгузории соҳаи  нақлиёт, барои нигоҳдории  роҳҳои мошингарди мамлакат аз вайроншавӣ ҷиҳати ҳамлу нақли бори калонҳаҷму вазнин дар мошинҳои боркашонӣ то 40 тонна иҷозат дода шудааст.  Вале қисми зиёди ронандагони мошинҳои боркаш аз меъёр зиёд маҳсулот бор менамоянд, ки ин сабаби вайрон гардидани  роҳҳои ҷумҳурӣ мешавад.

Тибқи иттилои мутахассисони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, баъзе ронандагони мошинҳои боркашонӣ ба воситаи шиносбозию фишороварии сунъию равонӣ ба мутахассисони хадамот  мехоҳанд бо борҳои вазнину хавфнок аз роҳҳои ҷумҳурӣ истифода намоянд. Барои мисол, Давлат  Рӯзиев бо 70 тонна бори вазнин зиёда аз 160 км роҳро тай намуд, аммо дар ин масофа, махсусан дар вилояти Хатлон касе садди роҳаш нашуд.

Роҳҳои ҷумҳурӣ бо маблағҳои калонҳаҷм ва меҳнати сангин сохта мешаванд,  лекин ронандагони мошинҳои боркаш манфиати худро аз манфиати давлату миллат боло гузошта,  ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.

Мутахассисони раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти  минтақаи Ҳисор  соли 2018 нисбат ба 5298 нафар ронандагону соҳибкорон, ки қонунгузории соҳаи  нақлиётро вайрон кардаанд, санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Маблағи  ҷаримаи онҳо аз ин ҳисоб 713 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.

Февраль 8, 2019 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд