Дар Душанбе «Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» баррасӣ гардид

Февраль 6, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.   5 феврал дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва гурӯҳҳои кории техникӣ оид ба татбиқи консепсияи нави «Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030»  баррасӣ гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд,   дар кори ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, ёрдамчии Вазир Дилором Содиқова, сармутахассис оид ба масъалаҳои стратегии Дафтари аврупоии минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар Шоҳигарии Дания Кристиан Швайзер, ки ҳамзамон роҳбари муваққатии намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инчунин роҳбарону мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Насим Олимзода зикр кард, ки  «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо дар доираи амалисозии стратегияи мазкур ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Маҳз ин  дастовардҳо дар раванди таҳияи ҳуҷҷати нави «Стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои давраи то соли 2030» ва банақшагирии чорабиниҳои самарабахши минбаъда имконият фароҳам меоранд».

Зимни ҷаласа аз ҷониби ёрдамчии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   Дилором Содиқова маълумот доир ба раванди тадбирҳои «Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» пешниҳод гардид.

Ҳамчунин дар ҷамъомад ба иштирокчиён   дар бораи консепсия ва нақшаи фаврии коркарди ин стратегия   маълумоти муфассал манзур гардид.

Февраль 6, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд