Дар Душанбе вазъи корҳои маърифатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.02.2019/АМИТ «Ховар»/. «Вазъи корҳои маърифатӣ (сиёсиву идеологӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо» дар ҳамоише, ки имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои марбута, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва коршиносону намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакта доир шуд, баррасӣ гардид.
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар ҳамоиш зикр кард, ки тақвияти вазъи корҳои маърифатӣ, сиёсиву идеологӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини сулҳу суботи мамлакат ва рушди давлатдории миллӣ ниҳоят бузург аст.
Инчунин мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдулло доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурди корҳои маърифатӣ ва сиёсию идеологӣ дар ҷомеа ибрози назар карда, афзуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ корҳои маърифатӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бо назардошти авзои минтақа ва ҷаҳон тақвият меёбанд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба нақш ва ҷойгоҳи корҳои маърифатӣ (сиёсиву идеологӣ) дар низоми муосири давлатдорӣ миёни ҷавонон, аҳамияти корҳои маърифатӣ дар муҳити деҳот ва фазои динии кишвар, инчунин нақши ВАО-и электронӣ, чопӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар низоми корҳои маърифатӣ (сиёсию идеологӣ) сухан карданд.
Зикр шуд, ки дар ҳар давру замон ҷомеа бо тақвияти корҳои маърифатӣ ва сиёсию идеологӣ рушд ва ташаккул меёбад. Дар ин росто, бо дарназардошти равандҳои сиёсию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон, хусусан сиёсатҳои баъзе аз кишварҳои қудратманди ҷаҳон, ба майдон омадани ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, тарғиби фарҳанги ғарбӣ тавассути киноҳо ва дигар шабакаҳои иҷтимоию ВАО дар шароити кунунӣ зарур аст, ки маърифат ва сатҳи сиёсию идеологии ҷомеа тақвият ёфта, назорат дар ин самт ҷоннок гардонида шавад.
Иштирокдорони ҳамоиш инчунин доир ба дигар паҳлуҳои вазъи корҳои маърифатӣ, сиёсию идеологӣ дар кишвар, мушкилот ва дурнамои он табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд






