Дар нишасти матбуотии ноҳияи Шаҳринав мушкилии сард будани синфхонаҳои Мактаб-интернати кӯдакони ятим баррасӣ шуд
ШАҲРИНАВ, 07.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта дар ноҳияи Шаҳринав корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, аз қабили корхонаи истеҳсоли сангу шағали ҶДММ «Ёқубҷони Наврӯз», корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои алюминии ҶДММ «Алюмин сервис» ва корхонаи «Орди Шаҳринав», ки дар натиҷаи буҳрон аз фаъолият бозмонда буданд, дубора ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ шурӯъ намуданд.
Ҳамчунин аз шумораи 291 иншооти ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдшаванда соли 2018 48 иншоот, аз ҷумла 3 муассисаи таълимӣ, 14 синфхонаи иловагӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, як кӯдакистон, як коргоҳи дӯзандагӣ, 4 пули мошингузар, 4 гармхона, маркази инкишофи кӯдакон ва дигар иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Дар натиҷаи ин барои сокинону мутахассисони ҷавони ноҳия 250 ҷойи кори доимӣ пайдо гардид. Дар ин бора 6 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси ноҳияи Шаҳринав Дилшод Исроилзода изҳори назар кард.
Зимни нишасти матбуотӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз масъулини ноҳия оид ба паст будани шиддати ҷараёни барқ дар маркази ноҳия ва сард будани синфхонаҳои Мактаб- интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав ва сардии як қисм синфхонаҳои муассисаи таълимии рақами 3- ноҳия пурсон шуд.
Намояндаи шабакаҳои барқи ноҳияи Шаҳринав иброз намуд, ки ин шабакаҳо барои баланд гардонидани шиддатнокии қувваи барқ нақшаю чорабиниҳо таҳия намуда, ба шабакаҳои барқи марказӣ пешниҳод намудаанд. Дар сурати дастрас кардани таҷҳизоти барқӣ марҳила ба марҳила ин мушкилӣ бартараф мегардад.
Масъулини шабакаҳои барқи ноҳияи Шаҳринав дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» бояд барои таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ бо барқи хушсифат барвақт омода мешуданд. Вале аз сабаби хунукназарии роҳбарияти ин муассиса ятимони мактаб-интернат ва хонандагони як қисми муассисаи таълимии рақами 3 дар синфхонаҳои хунук бо либоси зимистона дарс хонда истодаанд. Ҳатто дар як қисми муассисаҳои таълимӣ аз сабаби паст будани шиддати қувваи барқ компютерҳо фаъол намегарданд, то хонандагон дарсҳои амалии информатикаро аз худ кунанд.
Синфхонаҳои Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав бо гармкунакҳои барқӣ таъмин буда, дар он 210 нафар хонандагони ятим таҳсил менамоянд. Мутаассифона, аз сабаби паст будани шиддат гармкунакҳои барқӣ иқтидори гарм кардани синфхонаҳоро надоранд. Ҳамчунин як қисми гармкунакҳои ин муассиса ба масоҳати синфхонаҳо мувофиқ нестанд. Аз ин рӯ хонандагон бо либоси ғафси зимистона дар синфхонаҳо дарс меомӯзанд.








АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд






