Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Артиши миллӣ– сипари боэътимоди Ватан» ҷараён дорад
ДУШАНБЕ 19.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 26-солагии Артиши миллӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ–сипари боэътимоди Ватан» намоиш ифтитоҳ гардид, ки то 24 феврал давом меёбад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» мутахассиси шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи мазкур Акбар Достиев хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, намоиши мазкур бо иқдоми роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кормандони Вазорати мудофиа баргузор гардид. Дар намоиш 23 акс ва дигар маводи марбут ба таърихи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус аксҳои Пешвои миллат бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳангоми боздид аз ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва иштирок дар машқгоҳҳои низомӣ гузошта шудаанд.
Дар қисми дигари аксҳо вохӯриҳо ва боздиди Вазири мудофиа аз қисмҳои ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҳангоми машқҳои ҳарбӣ, омодагии техникаи ҳарбӣ ва гузашти паради ҳарбӣ дида мешаванд.
Ҳамзамон бо ибтикори роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ то 20 феврали соли равон зиёда аз 1000 нафар афсарону сарбозон ба таври ройгон аз Осорхона дидан менамоянд.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






