Дар озмуни байналмилалии мусиқинавозон Шаҳриёр Ҳабибов дар номгӯи асбобҳои торӣ – камонӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2019. /АМИТ «Ховар» /. Аз 23 то 27 феврали соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии мусиқинавозон таҳти унвони «Шоҳроҳи Абрешим» баргузор гардид. Озмуни мазкур аз рӯи номгӯйҳои гуногун доир шуда, дар он намояндагони 9 давлати дунё иштирок намуданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмуни байналмилалии мусиқинавозон Тоҷикистонро хонандаи синфи 11-и Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев Шаҳриёр Ҳабибов намояндагӣ намуда, бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ дар асбобҳои торӣ – камонӣ мақоми дуюм касб намуд.
«Шаҳриёр Ҳабибов гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2018 – 2019 маҳсуб меёбад. Ӯ аз соли 2017 инҷониб волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамчунин узви Маҳфили доимии «Пайравони Пешвои миллатем»- и Кумита мебошад»,- гуфт Каримҷон Салимзода.
Ёдовар мешавем, ки дар озмуни байналмилалии мусиқинавозон таҳти унвони «Шоҳроҳи Абрешим» аз рӯи номгӯи асбобҳои торӣ – камонӣ мақоми аввалро намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мақоми сеюмро намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиб шуданд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






