Дар озмуни «Дастархонороӣ» ноҳияҳои Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Мурғоби ВМКБ сазовори ҷойҳои аввал гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе даври сеюм ва ҷамъбастии озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Дар даври ниҳоӣ намояндагони 17 шаҳру ноҳияи мамлакат, ки ғолиби давраи дуюми озмун гардида буданд, ширкат намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳайати ҳакамон дастархонҳои пешниҳодкардаи иштирокчиёнро тамошо намуда, вобаста ба ҳар як дастархон, интихоби дастархон ва мавҷудияти аломатҳои миллӣ сарфакорона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани он, истифодаи зарфҳои миллӣ ва ҷобаҷогузории дурусти онҳоро баҳогузорӣ намуданд.
Бо назардошти шартҳои пешниҳодшудаи Низомномаи озмуни «Дастархонороӣ» ноҳияҳои Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Мурғоби ВМКБ сазовори ҷойҳои аввал ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми даҳ ҳазор сомонӣ гардиданд. Ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Шаҳринав сазовори ҷойҳои дуюм ва маблағи пулӣ ба миқдори панҷ ҳазор сомонӣ шуда, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияҳои Варзоб ва Рашт сазовори ҷойҳои сеюм ва мукофоти пулӣ ба миқдори се ҳазор сомонӣ гардиданд.
Ҳамчунин ноҳияи Айнӣ барои иштироки фаъолона ба ҷойи ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ ба миқдори ду ҳазор сомонӣ ва иштирокчии ҷавонтарин аз ноҳияи Файзобод Муҳиба Мирзоева барои иштироки фаъолона ба ҷойи ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ ба миқдори ҳазор сомонӣ сазовор дониста шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни «Дастархонороӣ» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, даври якуму дуюми он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






