Дар озмуни вилоятии «Дастархонороӣ» хони орододаи бонувони ноҳияи Мурғоб беҳтарин дониста шуд

Февраль 14, 2019 16:30

ХОРУҒ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ озмуни вилоятии «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Дар он бонувоне ширкат намуданд, ки дар озмуни ноҳиявӣ пирӯз шуда буданд.

Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сардорбек Азорабеков гуфт, ки «мақсади асосии озмуни мазкур- ин эҳёи таомҳои миллӣ, сарфаю сариштакорӣ дар оростани дастархон, истифодаи бештар аз маҳсулоти хоми маҳаллӣ, аз ҷумла гулу гиёҳҳои шифобахш мебошад. Ба касе пӯшида нест, ки тӯли чанд соли охир ошпазон чӣ дар ошхонаву қаҳвахона ва чӣ тӯю маъракаҳои хурсандӣ дастархонро бо ҳар гуна иловаҳои кимиёӣ оро медиҳанд. Ин одамонро нороҳат ва ба ҳар гуна бемориҳо мубтало мекунад. Агар имрӯз аз пухтани чунин таомҳо худдорӣ накунем, фардо аз байн бурдани он ғайриимкон мегардад. Бинобар ин дастархонро тарзе бояд оро дод, ки ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ зебо бошаду ҳам дар таркиби худ моддаҳои барои ҷисми инсон фоидабахш дошта бошад».

Ба аъзои ҳакамон таомҳои омоданамудаи дастаи бонувон аз ноҳияи дурдасти Мурғоб хеле писанд афтод. Дастархони бонувони ин ноҳия хеле одӣ, арзон ва аз ҳама муҳим, аз маҳсулоти маҳаллӣ омода шуда буд. Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ин ноҳия Абдузокир Бойназаров гуфт, ки «мо ба озмун ҳашт намуд таоми миллӣ ва замонавӣ пешниҳод кардем, ки дар омода кардани панҷ намуди он аз гӯшти қутос истифода шудааст. Гӯшти қутос як навъ гӯшти парҳезӣ шумурда мешавад. Ҳатто бемороне, ки касалии фишорбаландию диабети қанд доранд, метавонанд онро бидуни тарс истеъмол намоянд. Ба озмун ҳамчунин ду намуди таоми қирғизӣ пешниҳод карда шуд. Ноҳияи Мурғоб баландкӯҳ буда, иқлимаш сард аст. Дар он ҷо сабзавотпарварию зироаткорӣ чандон роиҷ нест, аммо дар таҳияи ин ё он таом ҳатман аз сабзавоту гиёҳҳои шифобахш истифода мекунем. Сабзавотро ба бозори ноҳия одатан аз шаҳру ноҳияҳои кишвар интиқол медиҳанд».

Дар озмуни вилоятии «Дастархонороӣ» ҷойҳои дуюму сеюм насиби шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон гардид.

Февраль 14, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд