Дар шаҳри Хоруғ фестивали вилоятии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид
ХОРУҒ, 12.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ даври ниҳоии фестивали «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид. Дар он сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, урфу одат, расму суннат ва ҳунарҳои қадимиву дастовардҳои имрӯзаи худро ба намоиш гузоштанд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Зубайда Раҷабова гуфт, ки «яке аз ҳадафҳои аслии ин фестивал тарғибу ташвиқи оину маърифати либоспӯшӣ ва ороиши мӯю рӯи занону духтарон мебошад. Дастрасии васеъ ба шабакаҳои интернет агар аз як сӯ мушкилоти мардумро осон кард, аммо боқӣ мондани фарҳангу ҳунар, забон, урфу одат, тарзи рафтору гуфтор ва либоспӯшии онҳоро зери суол бурд.
Дар чанд соли охир дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат мо бо занону духтароне рӯ ба рӯ мешавем, ки либосашон аз сар то по сиёҳ аст. Дар ҳоле ки миллати тоҷик ҳеҷ вақт сиёҳпӯш набуд. Ба қавли шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир, «мо ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем». Аз ин рӯ чунин барномаҳои ҷолибу диданӣ ба расму суннат ва анъанаҳои миллии мо боз ҳам таҳким бахшида, онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос мегузоранд».
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода гуфт, ки «либоси занонаи миллӣ мисли табиати афсунгари кишварамон хеле рангорангу пурҷило аст. Ҳар як нақшу нигори рӯи либоси занону духтарон таърихи беш аз дуҳазорсола дорад ва дорои маъниву мафҳуми хос аст. Ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳанги умумибашарӣ ворид намудани куртаи чакан аз ин гуфтаҳо шаҳодат медиҳад. Чакан таҷассуми таъриху фарҳанг ва расму суннати қадимаи миллати тоҷик аст».
Иштирокчиёни барнома ба тамошобинон рақсу таронаҳои мардумӣ, лаҳзаҳои оро додани арӯс, тарзҳои гуногуни бофтани мӯй ва амсоли инро манзур намуданд.
Ғолибони фестивали вилоятии «Чакомаи гесӯ» дар фестивали ҷумҳуриявӣ, ки моҳи март дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунанд.








Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд






