Дар шаҳри Норак ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз корҳои ободонию хуррамгардонӣ ҷараён доранд
НОРАК, 28.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланд дар шаҳри Норак таҷлил карда мешавад.
Тибқи иттилои масъулин, имрӯзҳо аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат», «Молия», «Ориёнбонк» ва «Нурофарон» дар корҳои ободониву бунёдкории шаҳр фаъолона иштирок доранд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода гуфт, ки «мо қабл аз роҳандозии ободкориҳо бо аъзою сокинони шаҳр вохӯрӣ намуда, оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ва ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободиву шукуфоии Ватан, аҳамияти ҷашни Наврӯзи аҷам дар сатҳи ҷаҳонӣ сухан гуфтем. Ҳамзамон сокинону ҷавонони фаъоли шаҳрро ба бунёдкориву созандагӣ ҷалб намудем».
Дар ин рӯзҳо аъзои ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори Наврӯзи байналмилалӣ шаҳрро аз партовҳои сахти маишӣ тоза намуда, маркази онро бо гулҳои рангоранг оро дода истодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






