Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати роҳбари гурӯҳи корӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни ҷаласа Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирокдоронро бо нақшаи фаъолият ва вазифаҳо шинос намуд.
«Ба роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг ва кишоварзӣ, кумитаҳои рушди маҳал, ҳифзи муҳити зист, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» супоришҳои мушаххас дода шуд», — гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.
Мақсад аз баргузории озмун эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба тамоми зебогӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре дар ҷаласа зикр гардид, ҷашни «Сайри гули лола», ки ҳамасола дар тамоми ҷумҳурӣ моҳи апрел таҷлил мегардад, ҷамъбасти озмуни ҳамном хоҳад шуд.
Ҳамасола дар баҳор дар Тоҷикистон вақти шукуфоии гули лола фаро мерасад. Тоҷикистон ба сарзамини гулзор мубаддал мегардад. Дар ин вақт яке аз ҷашнҳои қадимии халқи тоҷик «Сайри гули лола» ба таври васеъ таҷлил карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки се соли оянда дар саросари Тоҷикистон зиёда аз 30 фестивал, намоишгоҳ, ҷашн ва озмуни анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд. Дар робита ба ин 13 декабри соли 2018 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






