Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Полша баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳамкории фарҳангии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Полша 19 феврал зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пётр Ивашкевич муҳокима гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот Шамсиддин Орумбекзода дар бораи таҳкими робитаҳои фарҳангии ду давлат изҳори андеша кард.
Зикр гардид, ки ҳамкории байнифарҳангии ду мамлакат дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, дар Тоҷикистон баргузор намудани фестивали филмҳои Полша ба ҳукми анъана даромадааст.
«Пётр Ивашкевич пешниҳод намуд, ки соли ҷорӣ бо мақсади шиносоии беҳтари мардуми тоҷик бо фарҳанги Полша Рӯзҳои фарҳанги ин давлат дар Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин замина ташкили консертҳо, намоиши филмҳо ва расмҳо ба роҳ монда шавад», — илова намуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид рушди муносибатҳои ду кишвар дар сатҳи театр ва дигар муассисаҳои санъату фарҳанг, инчунин омодасозии кадрҳо мубодилаи афкор намуданд.








«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






