Даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагони шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 25.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғолибону ҷоизадорони олимпиадаи мазкур иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки дар олимпиадаи мазкур 1800 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи пойтахт аз рӯи 13 фан иштирок намуда, аз онҳо 408 нафар ғолибият ба даст оварданд.
Туҳфаҳои хотиравиро ба ғолибон муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва дигарон тақдим намуданд.
Дар баробари сарфароз гардонидани хонандагони болаёқат бо медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин ҷоизаи «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи пойтахт» барои иштироки фаъол ва гирифтани миқдори зиёди ҷойҳои намоён, ҷоизаи «Беҳтарин дастаи олимпии муассисаи таълимии шаҳри Душанбе» барои ишғоли бештари ҷойҳои ифтихорӣ ва «Беҳтарин волидайн» барои тарбияи намунавии фарзандон, ки дар Олимпиадаи мазкур иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, тақдим карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории олимпиадаи мазкур ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ва ба ин восита ташаккули минбаъдаи маҳорат ва малакаи хонандагони пойтахт ба омӯзиши илмҳои муосир мебошад.












Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






