ҶДРФТ дар густариши робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ нақши муҳим дорад
ДУШАНБЕ, 16.02.2019/АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ /ҶДРФТ/ доир гардид.
Дар ҷаласа раиси ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ва раисони ҷамъиятҳои дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ доир ба фаъолияти ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ дар соли сипаришуда сухан карданд.
Зикр шуд, ки Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ вазифаҳои оинномавии худро дар соли 2018 иҷро намуда, чорабиниҳои гуногунро дар робита ба таҷлили сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир намуд.
Инчунин бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони анҷуманҳои дӯстӣ ва марказҳои миллию фарҳангӣ вохӯриҳо доир гардида, дар он самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа нақшаи фаъолияти ҶДРФТ барои соли 2019 муҳокима ва тасдиқ гардид.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






