ДУРӮҒ ТОРИКИИ ИМОН АСТ. Ё чаро «Ахборком» пайваста ба осиёби душманони миллати тоҷик об мерезад?!
ДУШАНБЕ, 08.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз хабарҳои нашрнамудаи «Ахборком» (Akhbor.com) бармеояд, ки сармуҳаррири ин торнамои иғвоангез пайваста ба осиёби душманони миллати тоҷик об мерезад. Чаро? Аввалан, «Ахборком» хизматгори ташкилоти террористии наҳзат аст. Дигар ин ки Мирзо Салимпур, ҳарчанд чашмони калон дошта бошад ҳам, аммо, мутаассифона, зеҳнаш ва ақлаш кӯчак будаанд. Агар чунин набошад, пас чаро баргузории ду чорабинии бузурги илмиро дар Ҷумҳурии Туркия дида наметавонад ва ё дидан намехоҳад.
Чуноне аз пахши хабар дар расонаҳо бармеояд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду Конфронси бузург ширкат ва суханронӣ намуданд. Нишаст (панел)-и дуюми Конфронси илмӣ-амалӣ бо ташаббуси Муфтиёти Ҷумҳурии Туркия дар толори Муфтиёт баргузор гардид. Дар он Раиси Шӯрои маҷлиси Муфтиёти Туркия Экрем Келеш ва Сардори Сарраёсати муносибатҳои байналмилалии Муфтиёти Туркия Эрдал Аталай иштирок ва баромад намуданд. Аз аксҳо, навиштаҷот ва наворҳо пурра маълум аст, ки он Конфронс бо ҳузури ҳайати муфтиёти Туркия баргузор шудааст. Барои нафаре, ки ақлу фаҳмиш дорад, пурра дарк карда метавонад, ки дар толори мақомоти расмии Туркия бар зидди амалҳои нопоки наҳзат суҳбат кардан аллакай маънии ҳамкорӣ дар ин самтро дорад. Ба ибораи дигар, М. Салимпур бояд дигар умуман хабар нашр накунад, то ки обрӯи журнализмро нарезонад, ва аз хонандагони муҳтарам узрхоҳӣ намояд. Зеро дурӯғгӯӣ торикии имон аст.
Дигар ин ки ҳоло мо бояд бинем, ки Раиси Шӯро дар он толор дар бораи кадом ташкилоти террористӣ сухан гуфтааст. Агар воқеан ҳам дар он толор суҳбат дар бораи амалҳои нопоки ташкилоти наҳзат бошад, пас бояд наҳзатиёни иғвоангез боз дучори шармандагӣ шудаанд. Агар воқеан ҳам аъзои наҳзат аз ҷониби Туркия пуштибонӣ меёфтанд, пас чаро наҳзатиҳо аз қаламрави Туркия ронда шудаанд. Ҳатто дигар аъзои наҳзат имкони тариқи транзит гузаштанро надоранд.
Салимпур ба иғвои наҳзат дода шуда, худашро беобрӯ намуд, зеро ҳоло сафари С.Абдулқодирзода ба итмом нарасидааст, дигар ин ки агар дар ин конфронсҳои баргузоргардида (Панели 1 ва Панели 2) навор мавҷуд бошад, пас вой ба ҳоли «Ахборком» ва сармуҳаррири номуҳтарами он торнамо.
Рӯзҳои наздик маълум хоҳад гашт, ки кӣ дурӯғгӯй аст.








Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд






