«ҲЕҶ КОРЕ НЕСТ БЕ ЗАН, ХУБ ШУД…». Дар вилояти Хатлон 59 нафар олимон аз ҳисоби занон фаъолият доранд
БОХТАР, 11.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон дар соҳаи илм таҳти унвони «Занон ва рушди муосир» бо иштироки занон, олимаҳо, профессорон, номзадҳои илм, дотсентону омўзгорон конференсияи илмӣ баргузор гардид. Ҳадафи он дастгирӣ ва мусоидат ба таҳқиқоту пажӯҳиши занону бонувони вилоят ва баррасии дастовардҳои илмии онҳо мебошад.
Дар конференсия муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зикр кард, ки шумораи занон дар соҳаи илм сол то сол афзуда, дар вилоят 350 нафар олимон фаъолият доранд. Аз ин шумора 59 нафар занон буда, 17 фоизро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, 3 нафар зан доктори илм, профессор буда, 56 нафар номзади илм мебошанд.
Конференсияи илмӣ дар панҷ бахш, аз ҷумла бахшҳои филология, технологияи иттилоотӣ, табиӣ ва тиббӣ, иқтисодӣ, педагогика ва методикаи таълим, таъриху сиёсатшиносӣ гузаронида шуд. Барои иштирок дар конференсияи илмӣ ба Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зиёда аз 121 мақолаи илмӣ пешниҳод гардиданд, ки аз фаъолнокии занони олимаи тоҷик нисбат ба солҳои пешин шаҳодат медиҳад.
Конференсияи илмӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, 40 мақолаи беҳтарин аз тарафи роҳбарони гурӯҳҳо пешниҳод ва барои қадрдонӣ манзур гардиданд. Хулосаи кори конференциро ҳлзирин бо ин мисраҳои устод Мирзо Турсунзода арзёбӣ намуданд:
Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд…
Бояд гуфт, ки таърихи пайдоиш ва таҷлили Рӯзи ҷаҳонии занон дар соҳаи илм аз 20 декабри соли 2013 сарчашма мегирад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Илм, техника ва навоварӣ ба хотири рушд»-ро қабул намуд. Ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол аз 2 марти соли 1992 узви он мебошад, дар заминаи қатъномаи мазкур 15 декабри соли 2015 лоиҳаи қатънома «Дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» — ро қабул намуд. Лоиҳаи мазкур якчанд маротиба таҳрир гардида, дарвоқеъ аз ҷониби давлатҳои аъзо ба таври мукаммал пешниҳод гардид ва 22 декабри соли 2015 дар ҷаласаи навбатии СММ қабул карда шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст.








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






