Фаъолияти тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ аз Паёми Президенти мамлакат ба Парлумон сарчашма мегирад-бардошт аз мулоқот дар Бадахшон
ДУШАНБЕ, 28.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами фаъолияти мақомоти гумрук зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон /ВМКБ/ бо ҳузури сардорони раёсатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷумҳурӣ дар Бадахшон доир гардид, баррасӣ шуд.
«Чунин вохӯриҳо ба такмили усул ва шаклҳои назорати гумрукӣ шароит фароҳам оварда, ҳадафашон ҷилавгирию аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ ва қонуншиканӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, шаффофият ва волоияти қонун дар Бадахшон мебошад»,- гуфт сардори Раёсати Хадамоти гумрук дар ВМКБ Сафарбек Ризвонзода.
Мавсуф афзуд, ки Раёсати гумрук дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Бадахшон барои иҷрои нақшаи кори Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилоят ва реҷаи гузаронидани «Рӯзи ягонаи ҳуқуқӣ» дар қаламрави Бадахшон фаъолона иштирок менамояд.
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки соли равон фаъолияти тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ аз Паёми Президенти мамлакат ба Парлумон сарчашма мегирад, зеро дар он паҳлуҳо ва самтҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат арзёбӣ гардидаанд. Дар ин росто Сафарбек Ризвонзода афзуд, ки гумрукчиёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон Паёми Президенти мамлакат ба Парлумони кишварро сармашқи фаъолияти худ қарор додаанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои марбута дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти мамлакат ба Парлумон, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ тавассути ниҳодҳои идеологӣ, таблиғи ватандӯстӣ ва садоқат ба ватану миллатро пеш мебаранд.
Инчунин бо истифода аз имконоти мавҷуда саъй менамоянд, ки барои шукуфоии сарзамин ва таъмини амнияти иқтисодӣ масъулият ва рисолати худро сарбаландона иҷро намоянд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






