Гавҳар Шарофзода: «305 истилоҳу иборавожаҳои варзишӣ ба забони тоҷикӣ баргардон ва ҳамгун сохта шуданд»
ДУШАНБЕ, 13.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида бо шабакаҳои давлатии телевизионӣ, ба монанди «Варзиш», «Тоҷикистон», «Сафина» ва ғайра ҳамкории густурда ба роҳ монд. Дар ин бора раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, Кумита аз ҷумла бо телевизиони «Варзиш» дар самти омодасозии истилоҳоти соҳа бо забони давлатӣ ҳамкории хуб дорад.
«Соли 2018 305 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футбол, чавгонбозӣ, теннисбозӣ, баскетбол ва намудҳои гӯштингирӣ ба забони тоҷикӣ баргардон ва ҳамгун сохта шуданд. Ин истилоҳот ҳар ҳафта тариқи телевизиони «Варзиш» манзури тамошобинон гардонида мешаванд», — илова намуд Гавҳар Шарофзода.
Ба иттилои Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, ҳамарӯза дар барномаи «Субҳ»-и телевизиони «Тоҷикистан» пешниҳоди вожаҳои ғалат ва шакли дурусти он манзури тамошобинон гардонида мешавад, ки то ин давра шумораи онҳо ба 280 адад расид.
Зикр гардид, ки соли 2018 китобҳои «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» (дар ду ҷилд), «Суҳбатнома» ва «Таомнома» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуданд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта аз ҷониби мутахассисони Кумита зиёда аз 94 ҳазор истилоҳот дар соҳаҳои техника, варзиш, кишоварзӣ, байторӣ, илмҳои дақиқ, сохтмон ва меъморӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 42% зиёд мебошад.








Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад






