Имрӯз роҳбарияти Суди Олӣ, Агентии «Тоҷикстандарт», Маркази миллии қонунгузорӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ҳисобот медиҳанд

Февраль 4, 2019 08:18

ДУШАНБЕ, 04.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 4 феврал  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода барои ВАО нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Агентии «Тоҷикстандарт» оид ба ҷамъбасти соли 2018 соати 09:00 дар толори Агентии мазкур ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Роҳбарияти Маркази миллии қонунгузорӣ соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузорӣ ва Суди Олӣ соати 14:00 дар толори Суди Олӣ ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух медиҳанд.

Нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, соати 10, дар толори шӯрои олимони Донишкада баргузор мегардад.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 4, 2019 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид