«Инъикоси масоили ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба суботи ҷомеа: мушкилот ва паёмадҳо» — ҳамоиш дар Душанбе

Февраль 26, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 26.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Инъикоси масоили ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба суботи ҷомеа: мушкилот ва паёмадҳо»  ҳамоиш баргузор гардид.

Дар кори ҷамъомад роҳбарияти Кумита, намояндагони вазорату идораҳои кишвар ва коршиносон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Баъд аз  сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим  Сулаймон Давлатзода иштирокдорон  доир ба  раванди бархӯрди тафаккури анъанавӣ бо андешаҳои динӣ-ифротӣ дар ҷомеа, усул ва шакли тарғиботи ифротгароӣ дар воситаҳои ахбори омма, таҷрибаи бозгардонидани донишҷӯён аз хориҷи кишвар ва раванду пайомади гирифтани таълимоти динӣ дар хориҷи кишвар табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши «Инъикоси масоили ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба  суботи ҷомеа: мушкилот ва паёмадҳо»    бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паём ва амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 роҳандозӣ карда шуд.

Февраль 26, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд