Ислоҳот дар қонунгузории Тоҷикистон: мусоидат ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва дастрасии молиявӣ

Февраль 23, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 23.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ва  таъсири он ба таҷрибаи қарздиҳӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва  Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон 21 феврал дар мавзӯи «Имкониятҳои асосии маблағгузории тиҷорати хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дороиҳо»  семинари омӯзишӣ доир намуд.

Дар ҳамоиш намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, коршиносони байналмилалӣ ва дохилии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) барои намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, институтҳои молиявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд иқтидор ва дурнамои татбиқи ислоҳоти мазкурро дар  беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастрасии молиявӣ муаррифӣ намуданд.

Cардори идораи омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Бахтиёр Баҳриддинов мегӯяд, ки «мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ба беҳтар гардидани фазои муносибатҳои пулию молии байни субъектҳо, дастгирӣ ва мусоидат ба фаъолияти қарздиҳӣ ва ба ин васила ба рушди иқтисодӣ ва ислоҳот вобаста ба ҷорӣ намудани «уҳдадориҳои таъминшуда» мусоидат намуда, интизор меравад дар фаъолияти қарздиҳӣ ва баргардонидани қарз  тағйироти ҷиддӣ ба миён оварад. Тағйироти мазкур мушкилиҳои дар муносибатҳои иқтисодӣ ҷойдоштаро то андозае бартараф намуда, барои рушди муносибатҳои пулию қарзӣ, аз ҷумла устувор гардидани низоми бонкӣ, ки механизми асосии маблағгузории қарзӣ ба шумор меравад, мусоидат хоҳад намуд».

Роҳбари лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Зарина Одинаева бар он назар аст, ки «қабули қонуни мазкур дар Тоҷикистон меъёрҳоро вобаста ба истифодаи молу мулки манқул ба сифати гарав ва тартиби  бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда ба танзим дароварда, дастрасии босамари молиявӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоиро таъмин менамояд».

Февраль 23, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид