Ислоҳот дар қонунгузории Тоҷикистон: мусоидат ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва дастрасии молиявӣ
ДУШАНБЕ, 23.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ва таъсири он ба таҷрибаи қарздиҳӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон 21 феврал дар мавзӯи «Имкониятҳои асосии маблағгузории тиҷорати хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дороиҳо» семинари омӯзишӣ доир намуд.
Дар ҳамоиш намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, коршиносони байналмилалӣ ва дохилии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) барои намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, институтҳои молиявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд иқтидор ва дурнамои татбиқи ислоҳоти мазкурро дар беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастрасии молиявӣ муаррифӣ намуданд.
Cардори идораи омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Бахтиёр Баҳриддинов мегӯяд, ки «мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ба беҳтар гардидани фазои муносибатҳои пулию молии байни субъектҳо, дастгирӣ ва мусоидат ба фаъолияти қарздиҳӣ ва ба ин васила ба рушди иқтисодӣ ва ислоҳот вобаста ба ҷорӣ намудани «уҳдадориҳои таъминшуда» мусоидат намуда, интизор меравад дар фаъолияти қарздиҳӣ ва баргардонидани қарз тағйироти ҷиддӣ ба миён оварад. Тағйироти мазкур мушкилиҳои дар муносибатҳои иқтисодӣ ҷойдоштаро то андозае бартараф намуда, барои рушди муносибатҳои пулию қарзӣ, аз ҷумла устувор гардидани низоми бонкӣ, ки механизми асосии маблағгузории қарзӣ ба шумор меравад, мусоидат хоҳад намуд».
Роҳбари лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Зарина Одинаева бар он назар аст, ки «қабули қонуни мазкур дар Тоҷикистон меъёрҳоро вобаста ба истифодаи молу мулки манқул ба сифати гарав ва тартиби бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда ба танзим дароварда, дастрасии босамари молиявӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоиро таъмин менамояд».








Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






