КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Фоҷиа дар ноҳияи Айнӣ

Февраль 25, 2019 11:16

ДУШАНБЕ, 25.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чор нафар навраси ноболиғ 23 феврали соли 2019 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар рӯи иншооти обӣ  ба бозии хоккей машғул гардида, зери яхи обанбори сунъӣ ғарқ шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

«Наврасон зимни бозӣ дар рӯи яхи тунуки обанбор, ки дарозиаш қариб 70 метр ва чуқуриаш 6 метрро ташкил медод,  зери ях фурӯ рафта, дар натиҷа ҳалок гардидаанд»,- иттилоъ медиҳад сарчашма.

Ҳангоме ки наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, ҷасади яке аз наврасон аз ҷониби сокинони маҳаллӣ аллакай аз об бароварда шуда буд. Новобаста аз он ки корҳо шабона бурда мешуданд, наҷотдиҳандагон тавонистанд ҷасади наврасони боқимондаро бароварда, ба хешовандонашон супоранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз волидон қатъиян талаб мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранд ва чораҳои бехатариро риоя намоянд.

 

Февраль 25, 2019 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд