Кормандони Муассисаи нигоҳдории муваққатии шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Айнӣ барои хунукназарӣ аз вазифа озод гардиданд

Февраль 1, 2019 16:35

ДУШАНБЕ, 01.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Се нафар кормандони Муассисаи нигоҳдории муваққатии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ  барои хунукназарӣ зимни адои хизмат, ки сабаби худсӯзӣ намудани айбдоршаванда Истат Қурбонова гардидааст, аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Рӯзҳои охир дар шабакахои иҷтимоии интернетӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯё  12 январи соли 2019 дар Муассисаи нигаҳдории муваққатии Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ кормандони милитсия нисбат ба айбдоршаванда Қурбонова Истат, соли таваллудаш 1951, муносибати дағал ва бадрафторӣ карда бошанд.

Дар робита ба ин ҳодиса Вазорат раддия нашр намуда, чунин маълумот медиҳад: «Ҳангоми санҷиши хизматӣ маълум гардид, ки 15 августи соли 2018 нисбат ба шаҳрванд Қурбонова Истат, ки қаблан солҳои 2000, 2004 ва 2007 бо як моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Айнӣ барои содир намудани ҷиноят парванда оғоз гардида, бинобар саркашӣ ва пинҳон шуданаш аз мақомоти тафтишот 18 октябри соли 2018 бо қарори муфаттиши прокуратура мавриди кофтуков қарор гирифтааст.

3 январи соли 2019 айбдоршаванда Қурбонова И. аз тарафи кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ боздошт гардида, дар ИНМ ШВКД ҷойгир карда шуд.

12 январи соли 2019 айбдоршаванда Қурбонова И. бояд ба Муассисаи тафтишотии №9/5, воқеъ дар шаҳри Истаравшан интиқол дода мешуд. Пеш аз интиқол додан Қурбонова И. норозигӣ баён намуда, асабонӣ шуда, ба кормандони милитсия дағалӣ менамояд. Кормандони милитсия ин ҳолатро дида, аз беморхонаи марказии ноҳия духтур даъват мекунанд, то ҳолати руҳии номбурдаро муоина намоянд. Баъди муоинаи духтур Пайрав Ҷабборов айбдоршаванда бо баҳонаи ба ҳоҷатхона рафтан худро дар онҷо бо либосҳояш оташ мезанад. Кормандони милитсия ва духтури даъватшуда дарҳол оташро хомӯш намуда, ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ мерасонанд ва барои паст намудани ҳолати асабоният ва дарди айбдоршаванда шахсан духтур П. Ҷабборов ба номбурда ёрии тиббӣ мерасонад.
Ҳолати бадрафторӣ ва дағалӣ аз тарафи кормандони милитсия нисбат ба ин зани пиронсол тасдиқи худро наёфт.

Новобаста аз ин се нафар кормандони Муассисаи мазкур барои хунукназарӣ намудан ҳангоми адои хизмат, ки сабаби худсӯзӣ намудани айбдоршаванда Қурбонова И. гардидааст, аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод гардиданд».

Февраль 1, 2019 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд