Кормандони Муассисаи нигоҳдории муваққатии шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Айнӣ барои хунукназарӣ аз вазифа озод гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Се нафар кормандони Муассисаи нигоҳдории муваққатии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ барои хунукназарӣ зимни адои хизмат, ки сабаби худсӯзӣ намудани айбдоршаванда Истат Қурбонова гардидааст, аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Рӯзҳои охир дар шабакахои иҷтимоии интернетӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯё 12 январи соли 2019 дар Муассисаи нигаҳдории муваққатии Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ кормандони милитсия нисбат ба айбдоршаванда Қурбонова Истат, соли таваллудаш 1951, муносибати дағал ва бадрафторӣ карда бошанд.
Дар робита ба ин ҳодиса Вазорат раддия нашр намуда, чунин маълумот медиҳад: «Ҳангоми санҷиши хизматӣ маълум гардид, ки 15 августи соли 2018 нисбат ба шаҳрванд Қурбонова Истат, ки қаблан солҳои 2000, 2004 ва 2007 бо як моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Айнӣ барои содир намудани ҷиноят парванда оғоз гардида, бинобар саркашӣ ва пинҳон шуданаш аз мақомоти тафтишот 18 октябри соли 2018 бо қарори муфаттиши прокуратура мавриди кофтуков қарор гирифтааст.
3 январи соли 2019 айбдоршаванда Қурбонова И. аз тарафи кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ боздошт гардида, дар ИНМ ШВКД ҷойгир карда шуд.
12 январи соли 2019 айбдоршаванда Қурбонова И. бояд ба Муассисаи тафтишотии №9/5, воқеъ дар шаҳри Истаравшан интиқол дода мешуд. Пеш аз интиқол додан Қурбонова И. норозигӣ баён намуда, асабонӣ шуда, ба кормандони милитсия дағалӣ менамояд. Кормандони милитсия ин ҳолатро дида, аз беморхонаи марказии ноҳия духтур даъват мекунанд, то ҳолати руҳии номбурдаро муоина намоянд. Баъди муоинаи духтур Пайрав Ҷабборов айбдоршаванда бо баҳонаи ба ҳоҷатхона рафтан худро дар онҷо бо либосҳояш оташ мезанад. Кормандони милитсия ва духтури даъватшуда дарҳол оташро хомӯш намуда, ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ мерасонанд ва барои паст намудани ҳолати асабоният ва дарди айбдоршаванда шахсан духтур П. Ҷабборов ба номбурда ёрии тиббӣ мерасонад.
Ҳолати бадрафторӣ ва дағалӣ аз тарафи кормандони милитсия нисбат ба ин зани пиронсол тасдиқи худро наёфт.
Новобаста аз ин се нафар кормандони Муассисаи мазкур барои хунукназарӣ намудан ҳангоми адои хизмат, ки сабаби худсӯзӣ намудани айбдоршаванда Қурбонова И. гардидааст, аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод гардиданд».








Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид






