«КОРВОНИ САЛОМАТӢ» БА РОҲ МЕБАРОЯД. Зимни баҳисобгирии маъюбон ва додани варақаҳои корношоямӣ камбудиҳо роҳ ёфтаанд…
ДУШАНБЕ, 25.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 4 марти соли равон бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва бартарафсозии мушкилоти таваллуд «Корвони саломатӣ» таҳти шиори «Солимии модару кӯдак дар деҳот» амалӣ карда мешавад.
Матлаби мазкурро зимни ҷаласаи ҳайати мушовара Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода баён дошт. Дар ҷаласа вазир вобаста ба баланд бардоштани сатҳи муоширати табибон бо беморон, беҳтар намудани сатҳи расонидани кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ҷаласа муовинони вазир ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҷаласа иштирокчиён дар бораи натиҷаҳои таҳлили фаъолияти шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ сухан гуфтанд. Зикр шуд, ки дар ҷумҳурӣ айни замон 2 ҳазору 835 адад чунин муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ фаъолият менамоянд.
Тибқи иттилоъ, давоми соли 2018 аз тарафи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зерсохторҳои он 88 санҷиши нақшавӣ, 153 санҷиши ғайринақшавӣ ва 79 санҷиши такрорӣ гузаронида шуда, камбудиву норасоиҳо ошкор ва барои ислоҳи онҳо ба масъулин амрномаҳо фиристода шуданд.
Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед мушкилоти ҳалталабро баррасӣ карда, изҳор дошт, ки дар самти расонидани кумаки аввалини тиббию санитарӣ, аз ҷумла баҳисобгирии маъюбон ва додани варақаҳои корношоямӣ камбудиҳое роҳ ёфтаанд, ки фавран ислоҳ мехоҳанд.
Инчунин зимни ҷаласа иҷрои «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» баррасӣ гардид.








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд






