Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим: вайронкунии талаботи қонуни танзим соли гузашта кам гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин иҷрои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Дар ин бора имрӯз, 6 феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Зикр гардид, ки соли сипаригардида 648 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуданд.
«Соли 2018 қонуншиканиҳо дар муқоиса ба соли 2017 100 адад кам ба қайд гирифта шуданд. Агар сабаби кам шудани онро таҳлил кунем, ин бе таом гузаронидани маъракаҳои азодорӣ мебошад. Яъне метавон гуфт, ки шаҳрвандон ба мақсад ва муҳтавои қонуни мазкур сарфаҳм рафта, талаботи онро риоя карда истодаанд», — иброз дошт муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Азизуло Мирзозода.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар тӯли 10 соли амалигардии ин қонун муносибатҳои иҷтимоии маросимӣ дар мамлакат ба танзим дароварда шуда, дар амалигардии ҳадафҳои он аҳли ҷомеа нақши ҳалкунанда гузоштанд. Яъне дар ин муддат аҳли ҷомеа анъанаҳои гузаштагони худро эҳё намуда, аз худнамоиву хурофотпарастӣ даст кашиданд. Мақсади асосии Қонун ҳам ҳамин буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 майи соли 2007 зимни суханронӣ қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, гуфта буданд: «Мо имрўз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».
Зимнан нишондиҳандаҳои хуби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки расидан ба он ҳадафи асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, имкон дод, ки сатҳи некӯаҳволии мардум ба андозаи муайян боло равад.
Тавре нимаи аввали моҳи апрели соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, баъзе бахшҳои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қонунгузории Афғонистон ворид карда шуданд.
Он замон АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод-маркази маъмурии вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Умед Назаров навишта буд: «Таъсири ҷанбаҳои мусбати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зеҳнияти кормандони давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Афғонистон ба дараҷае боло рафтааст, ки 5 апрели соли 2018 дар ВАО-и ин кишвар дар бораи аз ҷониби Парлумон ва ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон қабул шудани “Қонуни маросими арӯсӣ” ба таври васеъ инъикос ёфт.
Таҳлил нишон медиҳад, ки Қонуни мазкур дар пайравӣ аз Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва қабул шудааст”.
Аз ин метавон хулоса кард, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зарурати таҳия ва қабули қонуни мазкур дурбинона буда, дар хориҷи мамлакат низ мавриди эътироф қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 28 ҳазор санҷиш гузаронид. Аз шумораи умумии санҷишҳои гузаронида 2 ҳазору 832 адад ба шаҳри Душанбе, 1 ҳазору 54 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 4 ҳазору 515 адад ба вилояти Суғд, 5 ҳазору 446 адад ба вилояти Хатлон ва 14 ҳазору 207 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меоянд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






