М. Шоҳиён: «Дар рейтинги шабакаҳои телевизион ва радио «Телевизиони Тоҷикистон» дар мақоми аввал қарор дорад»
ДУШАНБЕ, 07.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани рейтинги шабакаҳои телевизион ва радио моҳҳои май-июл ва ноябр-декабри соли 2018 назарсанҷӣ доир намуд. Натиҷаи ин назарсанҷиҳо нишон дод, ки «Телевизиони Тоҷикистон» бо гирифтани мутаносибан 83,7 фоиз ва 84 фоизи овози пурсидашудагон дар мақоми аввал қарор гирифта, МД «Ҷаҳоннамо» ҷойи дуюм ва МД «Баҳористон» ҷойи сеюмро касб кардаанд. Матлаби мазкурро Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
М.Шоҳиён ҳамчунин зикр кард, ки Кумита айни ҳол дар соҳаи телевизион ва радио бо 15 давлат созишномаи ҳамкорӣ дошта, соли 2018 ҳамкории худро бо вазорату идораҳои ҳамтои худ дар кишварҳои хориҷӣ густариш дод.
Дар ин давра Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот бо Вазорати иттилоот, телевизион, радио ва мероси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон, Созишномаи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Телевизион ва радиошунавоии Ҷумҳурии Озарбойҷон» ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио бо Ширкати миллии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расиданд.








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






