Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2019 17:42

ДУШАНБЕ, 28.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст “Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2019” гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳолати ҷангӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар бораи Номгӯйи молҳои аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатӣ “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” воридшаванда, ки аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Дар бораи Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода гузориш доданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар инчунин масъалаҳо Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи таъсиси минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ва Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019 муҳокима гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи кории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, нишондиҳандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллиӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифадор намуданд.

Дастуру супоришҳои дигар доир ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, расонидани кӯмакҳои моддӣ ба эҳтиёҷмандон дар арафаи ҷашни Наврӯз ва ғайра дода шуданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.02.2019

Февраль 28, 2019 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва вилоятҳои Хатлону Суғд тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Майдони «Истиқлол» бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вазорати корҳои дохилӣ тағироти кадрӣ ба амал оварданд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон