Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон шинос шуданд

Июнь 27, 2025 11:25

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо Лоиҳаи сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна бо маркази хизматрасонию, тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон, ки дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур сохта хоҳанд шуд, шинос шуданд.

Нахуст, ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди бинои баландошёнаи хонаҳои истиқоматӣ муаррифӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар қабати якум ва дуюми бино маркази хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ пешбинӣ шуда, дигар ошёнаҳо иборат аз хонаҳои истиқоматии 1,2 ва 3 ҳуҷрадор хоҳанд буд. Масоҳати замин ва зери сохтмони иншоот мутаносибан 0,28 гектар ва 1 ҳазору 276 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи маҷмааи варзишӣ, ки дар заминаи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35- солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегардад, аз ҷониби ҶДММ “Кохи Муҳандисон” таҳия шуда, дар масоҳати 0,34 га сохта мешавад.

Иншооти варзишӣ дуошёна буда, аз ошхона бо 20 ҷой, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳуҷраи мураббӣ, минбар бо ҷои нишаст барои 240 нафар ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.

Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи меҳмонхона ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхона бо назардошти талаботи замони муосир сохта шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд. Бинои баландошёнаи хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нуралибеки Атобек аз ҷониби ҶДММ “Сомони давр” бо тарҳи муосир бунёд гардида, аз марказҳои хизматрасонию тиҷоратӣ ва дигар шароити маишӣ барои зиндагии шоиста иборат хоҳад буд.

Бино бо назардошти талаботи рӯз сохта хоҳад шуд. Пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда Пешвои миллат маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускорон барои иҷрои ин амали шоиста, изҳори миннатдорӣ карда, ба онҳо барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз, силсилаи лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда, аз ҷумла лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика”, ки дар асоси созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёи Рушд амалӣ мешавад, муаррифӣ карда шуд. Тавре иттиллоъ доданд, тарҳи мазкур бо маблағи 40 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар 22 муассисаи таҳсилоти ҳамагонии кишвар амалӣ мешавад, ки ҳоло кор дар ин самт бомаром идома дорад.

Зимни муаррифии лоиҳаҳои сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №2-и шаҳри Хоруғ ва сохтмони бинои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика, таъкид гардид, ки иншооти бунёдшаванда дар асоси нақшаи чорабиниҳои беҳтарсозии инфрасохтор дар соҳаи илму маориф амалӣ мешавад. Тибқи нақша ҳамаи лоиҳаҳои муаррифишуда, бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, дар онҳо таъмини босифати имкониятҳои мусоиди кору фаъолият пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ҳар як бинои бунёдшаванда, бояд дар доираи талаботи сохтмонию шаҳрсозӣ иҷро гардида, ба сифати корҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, то онҳо барои садсолаҳо ба наслҳои имрӯзу оянда хизмат расонад.

Ташаббускорон барои дастгирии ҳамешагӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар фаъолият карда, барои рушд ва пешрафти Ватан ҳиссагузор хоҳанд буд.
Муаррифии лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон дар шаҳри Хоруғ 27.06.2025

Июнь 27, 2025 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд