Мактаб, оила ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас масъулияти баробар доранд

Февраль 15, 2019 11:18

ХОРУҒ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ва баъзе ҷиноятҳо аз ҷониби наврасону ҷавонон аксаран аз бемасъулиятии падару модарон ва риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба амал меояд.

Корманди маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Далер Чоршанбиев гуфт, ки бо мақсади риояи ҳамаҷонибаи қонуни мазкур, пешгирии қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғон, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар толори  муассисаи  давлатии Мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ вохӯрии судманд доир гардид.  Дар ҷамъомад роҳбарияти ШВКД-и шаҳри Хоруғ, кормандони шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД дар вилоят, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоят Фарзона Мастоншоева, роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи  давлатии Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ, ҳамчунин падару модарон иштирок намуданд.

Зимни суҳбат майори милитсия Мусаллам Давлатқадамов оид ба таълиму тарбияи наврасон зикр кард, ки волидайн ва мактабу маорифро мебояд ба ин масъала диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон иброз дошт, ки бо супориши роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ барои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии вилоят, алалхусус дар шаҳри Хоруғ пайваста вохӯрӣ ва корҳои пешгирикунанда баргузор мешаванд.

Муовини сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ, майори милитсия Шаҳриёр Давлатзода изҳор намуд, ки баъзан аз  беаҳамиятии  волидон ва ҷомеа бархе аз ноболиғон ба оворагардӣ машғул гардида, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба кирдорҳои номатлуб даст мезананд.  Иддае аз ҷавонон ҷои он ки наврасонро аз роҳи нодуруст баргардонанд, баръакс онҳоро ба кирдорҳои ношоиста тела медиҳанд.

Сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, подполковники милитсия Майсара Азизбекова бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро бори дигар ба хотири волидону омӯзгорон расонида, онҳоро даъват намуд, ки дар иҷрои ҳар банди ин қонун масъулияти бештар нишон диҳанд.

Директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ Шодигул Қонунзода барои ташкили чунин вохӯриҳо ба роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳукуқ ва таъмини амният дар вилоят миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки дар баробари омӯзгорон падару модарон низ дар таълиму тарбияи фарзандон бояд саҳмгузор бошанд. Онҳо бояд пайваста ахлоқу одоби фарзандони хешро аз роҳбарони синф пурсон шаванд. Зеро мактаб, оила ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас масъулияти баробар доранд.

Февраль 15, 2019 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?