Моҳи август дар Самарқанд фестивали «Таронаҳои Шарқ» («Шарқ тароналарӣ») баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 27.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 30 августи соли 2019 дар шаҳри Самарқанд Фестивали 12-уми байналмилалии мусиқии «Шарқ тароналарӣ» («Таронаҳои Шарқ») баргузор мегардад.
Дар ин бора дар қарор «Дар бораи тадбирҳои омодагӣ ба баргузории фестивали байналмилалии мусиқии «Шарқ тароналарӣ», ки 26 феврал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расид, гуфта мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, матни қарор 26 феврал дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА» интишор гардидааст.
Олимон-мусиқишиносон, ҳунармандону коршиносони маъруф, ва меҳмони олиқадр, аз ҷумла аз кишварҳои хориҷӣ дар ин фестивал иштирок менамоянд.
Дар доираи фестивал баргузории «мизҳои гирд», муаррифиҳо ва курсҳои махсуси мутахассисони хориҷӣ дар назар аст.
Инчунин дар доираи фестивали мазкур конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Дурнамои рушди санъати мусиқии халқҳои Шарқ» баргузор мегардад.
То 1 июни соли 2019 Академияи санъати Ӯзбекистон ва Ассосиатсияи эҷодии ҷумҳуриявии «Тасвирий Ойина» лоиҳаҳои рамзи фестивал ва ҳайкалчаҳоро барои сарфарозгардонии ғолибон таҳия хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали 11-уми байналмилалии мусиқии «Шарқ тароналарӣ», ки тобистони соли 2017 баргузор гардида буд, ба сокинон ва меҳмонони Самарқанд аз шиносоӣ бо анъанаву таронаҳои кишварҳои Шарқ эҳсоси фаромӯшнашаванда ҳадя намуд. Фестивал 250 нафар ҳунармандро аз 59 кишвари ҷаҳон дар майдони Регистон ҷамъ оварда буд.









Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






