Мулоқотҳои Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муфтиҳои шаҳрҳои Анқараву Истанбул ва декани Донишгоҳи Анқараи Туркия
ДУШАНБЕ, 08.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Зимни сафари расмии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия Саидмукаррам Абдулқодирзода ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Муфтии шаҳри Анқара Меҳмет Сонмезоғлу, Муфтии шаҳри Истанбул профессор Ҳасан Камил Йлмаз ва Декани факултаи илоҳиёти Донишгоҳи Анқараи Туркия профессор Исмоил Ҳакки Ӯнал мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва паҳлуҳои гуногуни он, аз ҷумла масъалаҳои динӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо бо изҳори хушнудӣ аз сатҳ ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба омодагии хешро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар мавриди ҳолати озодиҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳо барои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ таъкид намуданд.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии наҳзат дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қатл расонидани афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда, ба ҳамсуҳбатони худ вобаста ба хатари ташкилоти террористӣ дар минтақа таъкид намуд. Дар рафти суҳбат ҷониби Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи онҳо расонид, ки созмони террористии наҳзат аз рӯзи аввал ба таблиғи мазҳаби шиа миёни ҷавонон машғул буда, бо маблағгузории ҳукумати кишварҳои манфиатхоҳ теъдоди зиёди мардуми бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қатл расониданд. Саидмукаррам Абдулқодирзода тазаккур дод, ки ташкилоти террористии наҳзат аз ҷониби шиаҳо маблағгузорӣ шуда, ҷиҳати таҳмили ақидаи ба мардуми тоҷик бегона кӯшишҳои зиёд намудааст.
Инчунин Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди кӯшиши табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби аъзои созмони террористии наҳзат роҳандозӣ гардида буд, маълумоти муфассал пешниҳод кард. Дар ин росто Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон табаддулоти нокоми давлатиеро, ки 15 июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Туркия ба амал омада буд, маҳкум намуда, ҳамкории мақомоти динии кишварро дар ин самт таъкид кард. Дар баробари ин роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди рондани аъзои наҳзат аз қаламрави Туркия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия изҳор намуд
Ҳамин тартиб Муфтии шаҳри Анқара Меҳмет Сонмезоғлу, Муфтии шаҳри Истанбул профессор Ҳасан Камил ва декани факултаи илоҳиёти Донишгоҳи Анқараи Туркия профессор Исмоил Ҳакки Ӯнал иброз доштанд, ки дар самтҳои қобили таваҷҷуҳи ҷониби Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ хоҳанд монд.
Қобили зикр аст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи дин миёни ду кишвари дӯст дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳамагӣ дар ду-соли охир се маротиба вохӯрии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муфтии шаҳри Истанбул сурат гирифтааст.








Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд
Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт






