Мулоқотҳои Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муфтиҳои шаҳрҳои Анқараву Истанбул ва декани Донишгоҳи Анқараи Туркия

Февраль 8, 2019 12:05

ДУШАНБЕ, 08.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Зимни сафари расмии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Ҷумҳурии Туркия Саидмукаррам Абдулқодирзода ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Муфтии шаҳри Анқара Меҳмет Сонмезоғлу, Муфтии шаҳри Истанбул профессор Ҳасан Камил Йлмаз ва Декани факултаи илоҳиёти Донишгоҳи Анқараи Туркия профессор Исмоил Ҳакки Ӯнал мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва паҳлуҳои гуногуни он, аз ҷумла масъалаҳои динӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо бо изҳори хушнудӣ аз сатҳ ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба омодагии хешро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар мавриди ҳолати озодиҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳо барои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ таъкид намуданд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии наҳзат дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қатл расонидани афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  маълумоти муфассал пешниҳод карда, ба ҳамсуҳбатони худ вобаста ба хатари ташкилоти террористӣ дар минтақа таъкид намуд. Дар рафти суҳбат ҷониби Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи онҳо расонид, ки созмони террористии наҳзат аз рӯзи аввал ба таблиғи мазҳаби шиа миёни ҷавонон машғул буда, бо маблағгузории ҳукумати кишварҳои манфиатхоҳ теъдоди зиёди мардуми бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қатл расониданд. Саидмукаррам Абдулқодирзода тазаккур дод, ки ташкилоти террористии наҳзат аз ҷониби шиаҳо маблағгузорӣ шуда, ҷиҳати таҳмили ақидаи ба мардуми тоҷик бегона кӯшишҳои  зиёд намудааст.

Инчунин Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди кӯшиши табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби аъзои созмони террористии наҳзат роҳандозӣ гардида буд, маълумоти муфассал пешниҳод кард. Дар ин росто Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон табаддулоти нокоми давлатиеро, ки 15 июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Туркия ба амал омада буд, маҳкум намуда, ҳамкории мақомоти динии кишварро дар  ин самт таъкид кард. Дар баробари ин роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди рондани аъзои наҳзат аз қаламрави Туркия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия изҳор  намуд

Ҳамин тартиб Муфтии шаҳри Анқара Меҳмет Сонмезоғлу, Муфтии шаҳри Истанбул профессор Ҳасан Камил  ва декани факултаи илоҳиёти Донишгоҳи Анқараи Туркия профессор Исмоил Ҳакки Ӯнал иброз доштанд, ки дар самтҳои қобили таваҷҷуҳи ҷониби Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ хоҳанд монд.

Қобили зикр аст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи дин миёни ду кишвари дӯст дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳамагӣ дар ду-соли охир се маротиба вохӯрии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муфтии шаҳри Истанбул сурат гирифтааст.

Февраль 8, 2019 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад