Носир Саидов: «Телевизиони Сафина» барои дарёфти ҷавонони боистеъдод бо донишгоҳҳо ҳамкории мустақим дорад»
ДУШАНБЕ, 07.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» директори Муассисаи мазкур Носир Саидов ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» оид ба чӣ гуна интихоб ва тайёр намудани наттоқон дар телевизион иброз дошт, ки «наттоқонро барои телевизион, махсусан барои барномаҳои иттилоотӣ мо тариқи озмун қабул намуда, давоми се-чор моҳ меомӯзонем».
Инчунин зикр карда шуд, ки «ғайр аз он ки телевизион дар як сол як маротиба озмун эълон мекунад, он ҳамчунин бо донишгоҳҳо ва роҳбарияти факултетҳои журналистика барои дарёфти ҷавонони боистеъдод ҳамкории мустақим дорад. Нафароне, ки қобилияти барандагӣ, чеҳраи зебо ва нутқи бурро дошта бошанд, ба кор қабул карда мешаванд. Аммо, мутаассифона, ёфтани наттоқе, ки ҳам дар барномаҳои иттилоотӣ барандагӣ кунаду ҳам қалами хуб дошта бошад, бисёр мушкил аст».
Зикр карда шуд, ки «Телевизиони Сафина» бо мақсади табодули таҷриба ва ҳавасмандсозии кормандони соҳаи телевизион соли дуюм аст, ки Озмуни телевизионии «Беҳтарин»-ро роҳандозӣ мекунад. Дар озмун аз рӯи 11 номинатсия беҳтаринҳо дарёфт ва дар ин маросим бо ҷом, диплом ва туҳфаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






