ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 05.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Дар шарқи вилоят барфи шиддатнок меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо барфи шиддатнок меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе минтақаҳо то 10-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа сард мешавад. Ҳарорат рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва барф меборад. Дар баъзе минтақаҳо боридани барфи шиддатнок дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 0-5 дараҷа гарм шуда, ҳарорат рӯзона ба -1+4 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар доманакӯҳҳо бориши шиддатноки борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.








МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст






