Ҷоми ФФТ: «Истиқлол» ду ғалабаи пайдарпай ба даст овард
ДУШАНБЕ, 18.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзҳои истироҳат ду бозии мавқуфгузоштаи худро барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастаҳои КМВА «Помир» ва «Шоҳмансур» гузаронида, ғалаба ба даст овард.
Тавре сомонаи расмии клуб хабар медиҳад, баъди бозгашт аз вохӯрии муқаддамотии интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё бо АГМК-и Ӯзбекистон «Истиқлол» ширкати худро дар мусобиқаи анъанавии Ҷоми ФФТ идома медиҳад.
Дар вохӯрии аввал истиқлолиҳо ба дарвозаи КМВА «Помир» панҷ голи беҷавоб заданд. Ду тӯбро Комрон Турсунов ба нишон расонид.
Дар вохӯрии дуюм ба Алишер Ҷалилов муяссар гардид, ки ба дарвозаи дастаи «Шоҳмансур» 2 тӯб занад.
Ҷоми ФФТ
Бозии даври 1-ум
КМВА «Помир» — «Истиқлол» — 0:5
Голҳо: Комрон Турсунов, 2 (0:1). Алексей Ларин, 6 (0:2). Комрон Турсунов, 23 (0:3). Муҳаммадҷон Раҳимов, 70 (0:4). Эҳсони Панҷшанбе, 82 (0:5).
Даври 2-юм
«Истиқлол» — «Шоҳмансур» — 5:2
Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 10 (1:0), Шаҳром Самиев, 27 (2:0), Фирдавс Қурбонов, 30 (2:1), Алишер Ҷалилов, 55, аз пеналти (3:1). Алишер Ҷалилов, 75 (4:1). Умед Бадалов, 77 (4:2). Муҳаммад Ҳакимзода, аз пеналти 88 (5:2).
Бозиҳои боқимонда:
Даври 3-юм
19 феврал (сешанбе)
Оғоз соати 14:00
«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»
Даври 4-ум
20 феврал (чоршанбе)
Оғоз соати 14:00
«Истиқлол» – «Кӯктош»
Даври 5-ум
22 феврал (ҷумъа)
Оғоз соати 14:00
«Душанбе-83» – «Истиқлол»
Даври 6-ум
23 феврал (шанбе)
Оғоз соати 14:00
«Истиқлол» – «Ваҳдат»








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






