Ориф Хоҷазода: «Мардум аз гирифтани заминҳое, ки инфрасохтор ва оби нӯшокӣ надоранд ва дар маҳалҳои дур ҷойгиранд, даст мекашанд»

Февраль 1, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 01.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Агар мо сидқан муроҷиати шаҳрвандонро дар доираи қонун баррасӣ карда, ба ҳар гуна қонуншиканӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ даст назанем, масъалаҳои ҳалнашаванда, аз ҷумла дар робита ба вайронкунии қонунгузории замин  боқӣ нахоҳанд монд.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иброз дошт.

Соли сипаригардида аз  ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳал  беш аз 14 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор  гардид.

Ба иттилои мавсуф, барои  бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида  зиёда аз 12 ҳазор парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Ин нишондод дар ҳолест, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура нимаи аввали моҳи марти соли 2018 чунин гуфта буданд: «Ҳарчанд бо дахолати прокуратура дар даҳ соли охир қариб 23 ҳазор гектар замини худсарона ишғолкардашуда ба ҳолати аввала баргардонида, зиёда аз 5600 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, лекин то ба ҳол ин проблемаи ҷиддӣ ҳал нагардидааст».

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки шаҳрвандон аз ноилоҷӣ ва баъди ба таври зарурӣ  баррасӣ нагардидани муроҷиатҳояшон ба қонуншиканӣ даст мезананд.

Бино ба гуфтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ замин тақсим карда дода шудааст. Ба ҳисоби миёна, беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилиашонро беҳтар кардаанд.

Дар хусуси он ки замини наздиҳавлигӣ дар кадом асос ва ба кӣ дода мешавад, Раиси  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки  «дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 то 2018   30 ҳазор гектар фонди замини назди ҳавлигӣ ҷудо гардида, то ин давра 22 ҳазору 500 гектар тақсим карда шудааст. Ин  75 фоизи фонди мавҷударо дар бар мегирад. Тибқи қонун  ва санадҳои меъёрӣ, тақсимоти замин ба шахсони эҳтиёҷманд марҳила ба марҳила сурат гирифта истодааст».

Ба гуфтаи номбурда, аксар  вақт дар маҳалҳо мардум аз гирифтани он заминҳое, ки инфрасохтор ва оби нӯшокӣ надоранд ва дар  маҳалҳои дур ҷойгиранд,  даст мекашанд. Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ мақомоти маҳаллӣ пеш аз тақсим намудани замин оби нӯшокӣ, роҳ, барқ ва инфрасохтори онро  дар асоси нақшаи кулл таъмин намуда, ба мардум пешниҳод мекунанд.

Февраль 1, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040  натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд