Пагоҳ Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, БДА «Амонатбонк», Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Февраль 4, 2019 10:07

ДУШАНБЕ, 04.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.  5 феврал  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баргузор гардида, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи мазкур бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ мегузаронад.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соати 14:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода,  соати 10, дар толори Донишкада баргузор мегардад.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 4, 2019 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид