Пагоҳ вазоратҳои корҳои хориҷӣ, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 11.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Точикистон оид ба ҷамъбасти соли 2018 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 09:00 дар бинои маъмурии Агентӣ, бо суроғаи кӯчаи Карамов, 20 бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ меороянд.
Нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10 дар толори вазорати мазкур, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Кумита ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 14:00 дар толори Вазорати саноат ва технологияҳои нав баргузор мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






