Парлумон Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатиро тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумон Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002-ро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, масъалаи мазкур зимни иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки 20 феврал таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, муҳокима карда шуд.
Масъалаи мазкурро дар назди вакилони мардумӣ узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Аҳмадҷон Қобилов шарҳ дод.
Ин вакили мардумӣ дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи Далер гуфт: «Протоколи мазкур 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид».
Бояд гуфт, ки солҳои охир бо ташаббус ва сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои гуногунҷанбаи ду мамлакати ба ҳам дӯст ба сатҳи нисбатан нав баромада, сафарҳои давлатии дуҷонибаи сарони давлатҳо онро боз ҳам қавитар намуд.
Ба иттилои Аҳмадҷон Қобилов, протоколи болозикр бо мақсади содагардонии рафтуомади аҳолии ду мамлакат, инчунин рушди савдои наздисарҳадӣ ба имзо расонида шуд.
Зимнан рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандони ду мамлакати ба ҳам дӯст – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хеле назаррас арзёбӣ мегардад. Далели ин гуфта он аст, ки 8 феврали соли равон Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни нишасти матбуотӣ аз афзоиши ташрифи сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ӯзбекистон иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт: «Танҳо тайи соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 700 ҳазор сайёҳ аз Ӯзбекистон ташриф овардаанд, ки ин раванд баёнгари рушди муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор мебошад».
Аҳмадҷон Қобилов дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки тибқи Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ворид намудани илова ба номгӯи гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
«Дар протоколи мазкур ворид намудани илова ба номгӯи гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатӣ, ки замимаи Созишномаи мазкур мебошад, яъне илова намудани банди 17 пешбинӣ гардидааст. Дар ин замина гузаргоҳи дутарафаи автомобилии «Ҳисор» ба рӯйхати гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дохил карда мешавад», — илова намуд вакили мардумӣ.
Мавриди зикри хос аст, ки имрӯз тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ, аз ҷумла 9 гузаргоҳи дорои мақоми байналмилалӣ ва боқимонда гузаргоҳҳои дуҷониба амал мекунанд. Аз шумораи умумии гузаргоҳҳо 12-тоаш дар қаламрави вилояти Суғд ва боқимонда дар вилояти Хатлону шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.
Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосия пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Одиназода Маҳмадӣ»- ро ҷонибдорӣ намуданд.
«Инчунин дар иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚҶТ «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» муҳокима карда шуданд», — илова намуд мавсуф.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






