ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «МО БА АЗМУ ИРОДАИ ЗАНОН ҲАМЧУН НЕРУИ БУЗУРГИ ҶОМЕА ЭЪТИМОДИ КОМИЛ ДОРЕМ». Шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон тайи ин ҳафта

Февраль 14, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 14.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Матбуоти  даврии Тоҷикистон ин ҳафта  дар шумораҳои худ матолиби ҷолибро роҷеъ ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии дохил ва хориҷи мамлакат мунташир намудаанд.

«Ҷумҳурият»-  нашрияи расмии Ҷумҳурии   Тоҷикистон  дар шумораи 33, чоршанбе, 13 феврали соли 2019 мақолаи таҳлилгари  масоили сиёсӣ  Парвизи Мирзоро таҳти унвони «Баҳманмоҳи хунин». Агар фаъолияти наҳзатиҳо пешгирӣ мешуд» чоп намудааст. Муаллифи мақола воқеаҳои  феврали соли 1990-ро, ки бо номи «баҳманмоҳи хунин» дар сафҳаи таърих сабт гардидаанд, баён намуда, навиштааст: «Ифротиёни наҳзатӣ он замон аллакай мавҷудияти худро ошкор карда, ҳамчун як неруи фурсатталаб, манфиатҷӯ ва вобастаи доираҳои мазҳабии хориҷӣ ба майдони сиёсии кишвар ворид шуда, то  андозае ба ҳадафи нопоки худ расиданд.

Баъд аз воқеаҳои февралӣ наҳзатиҳо фаъолияти табоҳкоронаи худро вусъат дода, таблиғоти динии барои мардуми мо бегона, бадномсозии мақомоти давлатӣ ва мазҳабисозии ҷомеаро пурзӯр намуданд. Бо дастури сарпарастони хориҷии худ ва истифодаи усулҳои санҷидашудаи хадамоти махсуси баъзе кишварҳо, наҳзатиҳо дар як муддати кӯтоҳ дар кишварамон сохти конститутсионӣ, демократия ва дунявиятро аз байн бурданд, фаъолияти сохторҳои давлатиро фалаҷ карданд, мардумро ба гурӯҳу маҳалҳо, “мусулмон”-у “кофар” ҷудо карданд ва оқибат ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуданд. Яъне, тамоми фаъолиятҳои тахрибкорона, табоҳкорона ва сӯзандаи наҳзатиҳо дар Тоҷикистон маҳз аз воқеаҳои февралии соли 1990 шурӯъ шуда буд. Оғози ифротгароӣ, терроризм, қатлу ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳою даҳшатафкании наҳзатиҳо аз воқеаҳои февралӣ оғоз шуда буд. Далелҳои аниқи раднопазир, хулосаи комиссияи тафтишотӣ, нақли садҳо шоҳидони он воқеот кори дасти наҳзатиҳо будани ҳодисаҳои феврали соли 1990 ва гунаҳкори он даҳшат будани онҳоро исбот кардаанд, ки дигар ягон шубҳае боқӣ намемонад».

Дар ин шумораи «Ҷумҳурият» ҳамзамон мақолаҳо таҳти унвони  «ПЕШВОИ МИЛАТ: Мо ба азму иродаи  занон ҳамчун  неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем», «Об, дар таъмини ин неъмати бебаҳо  бетараф набошем», «Исфара мазраи бостонии Тоҷикистон», «Чарогоҳҳо ба нигоҳубин ниёз доранд» ва дигар хабару гузоришҳо аз ҷараёни баргузории  нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳои мамлакат нашр шудаанд.

«Садои мардум»- нашрияи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи  18, панҷшанбе, 14 феврали соли 2019  дар радифи чопи хабару гузоришҳо аз фаъолияти Парлумони мамлакат, ҳамчунин мақолаҳои ҷолибро таҳти унвони  «Масъулон рӯзнома намехонанд, вагарна…»,  «Дастгирӣ кардаму дар бало мондам», «Чаро мубориза алайҳи истифодаи ҳолатҳои  полиэтиленӣ авҷ мегирад?», «Якбора даст кашидан аз заҳрхимикатҳо ғайриимкон аст», «Ҷанговарони башардӯст ба  дастгирии бештар ниёз доранд», «Дар роҳи илму маориф камолёфта» ва мақолаи «Талотум дар Тезинхаш», ки ба 30-юмин солгарди баровардани неруҳои ҳарбии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон бахшида шудааст,  нашр намудааст.

«Нароная газета»- нашрияи русзабони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 8, чоршанбе, 13 феврали соли 2019,    гузориши муфассалро аз маҷлиси Кумитаи иҷроияи  Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Раиси ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иштирок ва суханронӣ карданд, чоп намудааст. Инчунин хонандагони «Народная газета» имкон доранд  аз саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳоро таҳти унвони «Послание Лидера нации и вопросы развития государства», ки дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ навишта шудааст, мусоҳибаи сармуҳаррири нашрияи «НГ» Маҳбуба Камолова бо роҳбари Ташкилоти хурди қарзию амонатии  «Алиф сармоя»  Абдулло Қурбонов,  «Роль женщин  в вопросах  сохранения водных ресурсов существенна» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҷараёни баргузории нишастҳои хабарӣ дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат  мутолиа намоянд.

«Минбари халқ»- нашрияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 7 аз 13 феврали соли 2019 таҳти унвони «Ҳизби ормонҳои  халқ» гузориши муфассалро аз ҷараёни баргузории маҷлиси Кумитаи иҷроияи  Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Раиси ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иштирок ва суханронӣ карданд, мунташир намудааст. Ҳамзамон хонандагони «МХ» аз саҳифаҳои нашрияи ҳизбӣ имкон доранд мақолаҳоро таҳти унвони «Наҳзат барои фош намудани  амалҳои душманонааш ходимони   давлатӣ ва олимонро ба қатл мерасонид», «Фаъолияти суди  арбитражи  байналмилалии  тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон» ва дигар хабару гузоришҳоро хонанд.

«Мароми  пойтахт»- нашрияи Кумитаи иҷроияи  Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар шумораи 5, панҷшанбе, 7 феврали соли 2019 дар радифи нашри хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизб, инчунин мақолаҳоро таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон  ва Соли рушди сайёҳӣ  ҳунарҳои мардумӣ», «Сардафтари даврони нав», «Дар хизматрасонии коммуналӣ иқтисодиёти ниҳонӣ набошад»  ва дигар хабару гузоришҳоро  аз ҳаёти ҳизб мунташир намудааст.

Февраль 14, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд