Прокуратураи Суғд 646 нафарро барои вайрон намудани талаботи қонуни масъулияти падару модар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид
ХУҶАНД, 16.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи вилояти Суғд соли 2018 дар доираи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 646 нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид. Ин нукта 15 феврал зимни баргузории нишасти матбуотӣ аз ҷониби прокурори вилояти Суғд Ҳабибуло Воҳидов зикр гардид.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», инчунин дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби прокуратураи вилоят дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 302 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 4043,2 га қитъаи замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Нисбат ба 262 адад қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки аз он 227 ададаш вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин мебошад, эътироз оварда шудааст.
Инчунин дар раванди санҷиши қонунгузорӣ оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаю муассисаҳо қонунвайронкуниҳо низ ошкор гардиданд. Дар натиҷа 263 нафар ба ҷавобгарии мухталиф кашида шуда, дар асоси амрҳои прокурорӣ 54,8 млн. сомонӣ музди меҳнат пардохт гардид. 18 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 153 ва 154 –и Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Соли гузашта ба мақомоти прокуратураи вилоят 11238 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардида, аз он 3645 ададаш баррасӣ ва 577 ададаш қонеъ гардид.
Ҳамзамон прокурори Суғд вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ зикр кард, ки соли 2018 дар миқёси вилоят 6083 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 371 адад зиёд аст. Ҳамзамон кушодании ҷиноятҳо дар ин давра 91,01 фоизро ташкил додааст.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






