РОҲКУШОӢ БО БАҲОИ ҶОН. Тарма техникаи худборкунаки фронталии тамғаи ZL-50-и Ширкати «IRS»-ро рабуд ва дар натиҷа ронандаи он ба ҳалокат расид

Февраль 14, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 13 феврали соли равон  ҳангоми бартараф намудани тарма дар километри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ техникаи пуриқтидори филиали Ширкат -худборкунаки фронталии тамғаи ZL-50-ро тарма рабуд ва дар натиҷа ронандаи он Туғён Умаров ба ҳалокат расид.  Айни замон ҷасади номбурда аз қаъри дара берун оварда шуда, ба манзилаш- деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб интиқол ёфта истодааст.

Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.

Мавсуф илова намуд, ки аҳли филиали ширкат аз марги номбурда, ки 63-сола буда, аз ҷумлаи мутахассисони масъулиятшиносу поквиҷдон маҳсуб мешуд, сахт андӯҳгин буда, ба пайвандонаш аз даргоҳи Яздони пок сабри ҷамил хоҳонанд.

Ёдовар мешавем, ки давоми фаъолияти 10-солаи ширкат  9 корманди он зери тарма мондаанд. Ин шаҳодати он аст, ки кормандони ширкат бо баҳои ҷони худ барои мардум роҳ мекушоянд.

Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз субҳи дирӯз бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва ниҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 —уми роҳи мошингарди Душанбе—Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шудааст. Дар роҳи мазкур фаромадини чандин тармаҳои калонҳаҷм ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои мавсуф,  «ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Панҷакент, навоҳии Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ таъмин аст. Бориши барф дар ин масир 8 октябри соли гузашта шурӯъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст. Баробари кушодани шудани роҳи мазкур маълумоти фаврӣ пешниҳод мегардад».

Февраль 14, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд