Роҳҳои мошингарди «Душанбе-Чаноқ» ва «Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз» муваққатан баста шуданд

Февраль 14, 2019 14:55

ДУШАНБЕ, 14.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади таъмини бехатарии сокинон роҳҳои мошингарди «Душанбе-Чаноқ» ва «Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз» муваққатан баста шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  15-16 феврал дар аксар минтақаҳои кӯҳии мамлакат бориши шадиди барф дар назар аст. Ҳамзамон бо ин хавфи лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ таҳдид мекунад.

«Дар натиҷаи бориши барф дар роҳҳои  «Душанбе -Лахш», «Хоруғ-Ишкошим», «Хоруғ — Мурғоб», инчунин дар ағбаи «Қизил-Арт» ҳаракати мошинҳо мушкил шудааст. Бо мақсади таъмини бехатарии сокинон роҳҳои «Душанбе- Чаноқ» ва «Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз» муваққатан баста шуданд»,-илова намуд манбаъ.

Кумита ба маълумоти шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки шабонарӯзи гузашта дар километрҳои 52, 57, 59, 61 ва 72-и роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» лағжиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар километри 362-юми роҳи мошингарди «Душанбе-Хоруғ», дар наздикии деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвози ВМКБ  резиши санг ба амал омад.

Барои тоза кардани роҳҳо ва бартарафсозии оқибатҳои тарма ва сангрезиш хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти роҳи ширкати  “Innovative  Road Solutions” (IRS) техникаи махсус ҷудо кардаанд ва кор дар ин самт идома дорад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, шоми 13 феврали соли равон  ҳангоми бартараф намудани тарма дар километри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ техникаи пуриқтидори филиали Ширкати “Innovative  Road Solutions” (IRS)  -худборкунаки фронталии тамғаи ZL-50-ро тарма рабуд ва дар натиҷа ронандаи он Туғён Умаров ба ҳалокат расид.

Ба иттилои манбаъ, барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани кумакҳои фаврӣ дар қитъаҳои гуногун воҳидҳои вокуниши фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода навбатдорӣ мекунанд.

Дар рӯзҳои бориши шадиди барф ва ҳамчунин баъди он бар асари гарм шудану тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво дар роҳҳои кӯҳии мамлакат хавфи резиши сангу лағжиши тарма меафзояд. Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони мамлакат хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунанд.

Февраль 14, 2019 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад