Сафаралӣ Наҷмуддинов: «Ба оилаҳои камбизоат барои маросими дафн кумакпулӣ дода мешавад»
ДУШАНБЕ, 05.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии мазкур Сафаралӣ Наҷмуддинов ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» оид ба он ки кумакпулӣ барои дафн ба киҳо таъйин ва пардохт мешавад, чунин ҷавоб дод: «Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки дар вақти фавт ба ворисони оилаҳои камбизоат барои баргузории маросими дафн ҷубронпулӣ пардохт карда шавад».
Ба гуфтаи С.Наҷмиддинов, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбиқи ягонаи дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат муайян карда шудааст, ки имрӯз он дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди амал қарор дорад.
«Ин оилаҳо аз ҷониби комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо муайян карда мешаванд. Дар доираи ин мо аз ҳисоби буҷети суғуртаи иҷтимоии нафақа маблағгузорӣ мекунем. Дар амал ин 20 нишондиҳанда аст, яъне ба ворисони майит барои маросими дафн 1 ҳазору 100 сомонӣ дода мешавад», — иброз дошт С.Наҷмуддинов.
Зимни нишасти матбуотӣ инчунин зикр гардид, ки соли 2018 ба 16 ҳазору 802 нафар оилаҳои камбизоат мувофиқи тартиби муқарраргардида 16 млн. 802,0 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои дафн пардохт карда шуд.








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






